Баргузории намоиши ҷаззобу хотирмон дар шаҳри Хуҷанд!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ситораҳои эстрадаи Суғд, гурӯҳҳои рақсӣ ва устоди саҳнаи эстрадаи муосир- Далер Назаров барномаи дурахшону диданиро пешниҳод сохтанд!

Сабаб барои баргузории чорабинӣ хеле зиёд буд: 20-солагии таъсиси Tcell, Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи атфол, 30-солагии Истиқлолияти кишвари маҳбубамон. Маҳз дар шаҳри Хуҷанд Tcell барои нахустин бор занги стандарти GSM-ро анҷом дода буд.

Дар оғози барнома муовини раиси ҳукумати вилоят Анвар Ёқубӣ аз номи роҳбарияти вилоят сухан гуфта, кӯдаконро ба ҷашн ва ширкати Тcell-ро бо 20-солагии таъсисаш табрик кард. Вай саҳми бузурги ширкатро тайи 20 сол дар таъмини сокинони вилояти Суғд бо алоқаи мобилӣ ва Интернет махсус таъкид дошт. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода низ дар ин чорабинӣ бо сухани табрикӣ баромад кард. Ҳозирин кормандони корхонаро бо ин санаи фархунда табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда муваффақияту пешравӣ таманно карданд.

Директори генералии ширкат Озодхон Давлатшоев барои чунин суханони саропо аз лутфу меҳрубонӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамаи муштариёни ширкат ташаккур кард ва итминон дод, ки мо минбаъд низ тамоми талошро ба харҷ хоҳем дод, то ҳар як муштарӣ аз ҳама гуна хизматрасониҳои пешрафта бархӯрдор бошад! Намоиши рангин дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ сурат гирифт ва беш аз 20 ҳазор тамошобинро ҷалб кард. Мусиқиву оҳангҳои ҷаззоб, рақсу нурафшонии рангоранг шоми зеборо хотирмону фаромӯшнашаванда кард.


1.jpeg

2.jpeg

3.jpeg

4.jpeg

5.jpeg

6.jpeg

7.jpeg

8.jpeg

9.jpeg

10.jpeg

11.jpeg

12.jpeg

13.jpeg

14.jpeg

1393

Бозгашт ба рӯйхат