Tcell чорум марҳилаи қуръакашии аксияи «Бурд намо-2022»-ро баргузор намуд

Ширкати Tcell чорум қуръакаши миёнадавриро дар марҳилаи иқдоми «Бурд намо– 2022» баргузор кард. Оператор ғолибони ҷоизаҳоро дар қуръакашии чорум муайян намуд.

Сокинони хушбахти шаҳри Бустон ва Душанбе соҳиби смартфонҳо гардида, ноутбукҳо насиби сокинони ноҳияи Спитамен ва Файзобод шуданд, ҳамчунин сокинони ноҳияи Айни ва Хуросон ду LED-TV бурд карданд.

Рӯйхати ID-рақамҳои ғолиб:
Смартфон: S0153556, N0351561.
Ноутбук: S0130432, N0311683.
LED-TV: S0088443, N0156186.

Сабти намоиши телевизионии қуръакаширо метавонед дар шабакаи YouTube-и Tcell Tajikistan бубинед. Ҳамакнун, қуръакашии панҷуми миёнадаврии «Бурд намо» рӯзи 12 декабр баргузор мешавад. Барои иштирок дар иқдом зарур аст, ки фармони *707#-ро иҷро карда, соҳиби ID-рамаз шавед ва он дар қуръакашӣ ширкат менамояд.

Соҳибони хушбахти ID-рақамҳо метавонанд ба марказҳои хизматрасонӣ муроҷиат карда, шахсияти худро тасдиқ намоянд ва тӯҳфаҳои арзишманди худро гиранд. Барои иштирок дар иқдом шитоб кунед, имконияти худро аз даст надиҳед ва соҳиби яке аз 6 автомобили нави Skoda Rapid, ё шоҳҷоизаи Volkswagen ID.4 шавед.
 
Муфассал дар пайванд: http://www.tcell.tj/lu.php  ва ё бо рақами 257.


1109

Бозгашт ба рӯйхат