Tcell дуюм марҳилаи қуръакашии аксияи «Бурд намо-2022»-ро баргузор намуд

Ширкати Tcell дуюм қуръакаши миёнадавриро дар марҳилаи иқдоми «Бурд намо–2022» баргузор кард. Оператор ғолибони ҷоизаҳоро дар қуръакашии дуюм муайян намуд.
  
Сокинони хушбахти шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби смартфонҳо гардида, ноутбукҳо насиби сокинони ноҳияи Қабодиён ва шаҳри Хуҷанд шуданд, ҳамчунин сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Балҷувон ду LED-TV бурд карданд.

Рӯйхати ID-рақамҳои ғолиб:  
Смартфон: S0124748, N0099993.
Ноутбук: S0108384, N0102968.
LED-TV: S0067034, N0094314.

Сабти намоиши телевизионии қуръакаширо метавонед дар шабакаи YouTube-и Tcell Tajikistan бубинед. Ҳамакнун, қуръакашии сеюми миёнадаврии «Бурд намо» рӯзи 14 ноябр баргузор мешавад. Барои иштирок дар иқдом зарур аст, ки фармони *707#-ро иҷро карда, соҳиби ID-рамаз шавед ва он дар қуръакашӣ ширкат менамояд.

Соҳибони хушбахти ID-рақамҳо метавонанд ба марказҳои хизматрасонӣ муроҷиат карда, шахсияти худро тасдиқ намоянд ва тӯҳфаҳои арзишманди худро гиранд. Барои иштирок дар иқдом шитоб кунед, имконияти худро аз даст надиҳед ва соҳиби яке аз 6 автомобили нави Skoda Rapid, ё шоҳҷоизаи Volkswagen ID.4 шавед.
 
Муфассал дар пайванд: http://www.tcell.tj/lu.php  ва ё бо рақами 257.

831

Бозгашт ба рӯйхат