Боз 200 ниҳоли Tcell боғи «Ҷавонон»-и пойтахтро оро медиҳанд

Кормандони оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell дар пойтахт боз 200 дарахти ақоқиё (акатсия) шинониданд. Ин дафъа ниҳолшинонӣ дар боғи “Ҷавонон” баргузор шуд.

Ин дуввумин иқдоми кормандони ширкат аст. Дар аксияи нахустини ниҳолшинонӣ, ки дар боғҳои “Наврӯзгоҳ” ва “Хайём”-и пойтахт сурат пазируфта буд, кормандони Тсеll ҳамроҳ бо директори генералии ширкат  Озодхон Давлатшоев тӯси сафед ва арча шинонида буданд.

Ниҳолҳои ҷадид, ки ҳамакнун боғҳои пойтахтро оро медиҳанд, аз ҳисоби маблағҳои бунёди муҳитзистӣ (экологӣ)-и лоиҳаи “Эко” харидорӣ мешаванд.

Tcell ҳифзи муҳити зистро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаррӯзаи худ меҳисобад. Ширкати Тсеll барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъа ба масоили ҳифзи муҳити зист, дар моҳи апрели соли гузашта ҷадвали тарофаҳо ва бастаҳои “Эко”-ро роҳандозӣ кард.

Тавассути иштирок дар барномаи “Эко” ҳар як муштари метавонад саҳми худро дар беҳбудсозии вазъи муҳити зист гузорад. Иштирок дар барномаи “Эко” аз Tcell ихтиёрӣ мебошад, яъне муштариён маблағҳои иловагӣ пардохт намекунанд ва саҳми онҳо аз ҳисоби пардохти ҳармоҳа барои тарофа ё бастаи Интернет анҷом мешавад. Сандуқ (фонд)-и ҷамъшудаи маболиғ барои рушди тарҳҳои экологии пойтахт ва дигар манотиқи Тоҷикистон ироа мегардад.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

1276

Бозгашт ба рӯйхат