Tcell минтақаи фарогирии 3G-ро дар ВМКБ тавсеа мебахшад!

05.11.2020

Оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell сармоягузорӣ таҷдиду бозсозии шабакаро дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад. Дар чаҳорчӯби тарҳи навсозии навбатӣ, дар ВМКБ 13 пойгоҳи нави стандарти 3G насб карда шуд, ки ба сокинони ин минтақа имкон медиҳад, аз тамоми афзалиятҳои Интернети баландсуръат аз Tcell истифода баранд.

Тайи чанд ҳафтаи охир корҳои техникӣ дар 13 нуқтаи аҳолинишини навоҳии Дарвоз, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон, Ванҷ ва шаҳри Хоруғ анҷом дода шуданд.

«Аксари аҳолии ВМКБ муштариёни Tcell мебошанд ва солҳои зиёд ба ширкат содиқ мондаанд. Аз ин рӯ, Tcell мекӯшад, ки ниёзҳои корбарон ба рушди диҷитол (рақамӣ)-ро  тавассути беҳсозӣ ва такмили шабака дар минтақа бароварда созад. Мо мунтазам ба рушд, тавсеа ва таҷдиду навсозии инфрасохтори шабакавӣ, беҳтар кардани сифат ва фарогирии минтақаи пӯшиши Интернети баландсуръат сармоягузорӣ менамоем”,- Озодхон Давлатшоев, Директори генералии Tcell.

Бо шарофати таҷдиду бозсозии ахир, алоқаи мобилии стандарти 3G бори аввал дар 13 нуқтаи аҳолинишин имконпазир гардида, сокинони ин мавзеҳо онҳо ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст шуданд. Акнун онҳо корбари фаъоли Интернет гардида,аз захоири бузурги ин сарчашмаи иттилоотӣ баҳравар мешаванд ва ҳамеша бо наздикону пайвандон дар иртибот қарор хоҳанд дошт.

Рушду тавсеаи шабака дар шароити баландкӯҳи ВМКБ вазифаи заҳматталаб ва душвор аст. Бо вуҷуди ин ҳама мушкилот Tcell мекӯшад, ки шабакаи худро дар минтақа васеъ карда, барои сокинон имкониятҳои нави технологиро фароҳам оварад.

Возврат к списку