Tcell - шарики расмии рақамии форуми байналмилалӣ!

Tcell шарики расмии рақамии лоиҳаи "Meet-UP" аз форуми байналмилалии РОСT гардид, ки дар он мутахассисони соҳаи хизматрасонӣ ба мизоҷон ва таҷриба, менеҷерҳо, топ-менеҷерҳо ва соҳибкорони соҳаҳои мухталифи саноат гирдиҳам омада буданд.

Meet-UP: «Хизматрасонӣ ба мизоҷон ҳамчун стратегияи РОСТ» - ин чорабинӣ барои табодули афкор, таҷрибаи касбӣ ва роҳҳаллҳот мушкилоти ҷорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ба мизоҷон мебошад.

Барои Tcell муҳим буд, ки ба ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонони лоиҳа дастрасӣ ба интернети баландсуръати мобилӣ ва инфрасохтори техникӣ барои баргузории муаррифии маҳсулот, мубоҳисаҳо ва дастгирӣ дар истифодаи платформаҳои рақамиро таъмин намояд. Тсеll тавассути татбиқи қарорҳои навоварона (инноватсионӣ) дар бахши хизматрасонӣ ба муштариён саҳми фаъол дорад.
163

Бозгашт ба рӯйхат