Tcell барои муштариён пешниҳодҳои нав ва “Қоидаҳои Нав”-ро муаррифӣ кард!

Рӯзи якшанбеи гузашта оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell барои ҳамаи боздидкунандагони “Душанбе Молла” сюрприз кард: дар ин ҷо ҳунарнамоии овозхонҳои маъруф баргузор гардида, муаррифии хизматрасониҳои нав ва “Қоидаҳои Нав” аз Тсеll сурат пазируфт!

Имсол Tcell солгарди худро таҷлил мекунад: 20 сол боз ширкати Tcell ба тоҷикистониён рушди бахши телекоммуникатсионии кишварро тезонида, фанновариҳои муосирро муаррифӣ менамояд. Имсол бошад, Tcell «Қоидаҳои Нав» ворид кард: ҳангоми пардохти саривақтии пардохти муштарӣ дар тарофаҳои нақшавии маъмул мегабайтҳои Интернети мобилӣ намесӯзанд- онҳо ба моҳи оянда интиқол меёбанд!   

Инчунин, «Қоидаҳои Нав» дар бораи баргузории чорабинии идона дар пойтахт иқдом кард. Намояндагони ширкат оид ба пешниҳодоти ҷадиду навоваронаи Тсell нақл карданд. Ин қабл аз ҳама ба «Қоидаҳои Нав» марбут аст. Ҳамчунин, дар ҷараёни иқдом интернети баландсуръати хонагии “TezNet”, лоиҳаи муштараки BIMA ва ширкат оид ба суғуртаи таҷҳизоти мобилӣ аснои гум шудан ва ё шикастан, кортҳои муштарак(кобрендингӣ)- Tcell ва Dushanbe City бо кэшбек ва тахфифи 50% барои пайваст шудан ба тарофаҳои “Даркор” ва “Алло” муаррифӣ шуданд.

Ҳунарнамоии ситораҳои саҳнаи тоҷик- Master Ismail ва Bakha84 ва тақдими тӯҳфаҳо барои куллияи боздидкунандагони “Душанбе Мол” сюрпризи ҳақиқӣ буд!

Ёдрас менамоем, ширкати Tcell ба ифтихори солгарди худ иқдомоти зиёдеро баргузор мекунад ва тӯҳфаҳо тақдим менамояд: ин маъракаи бузургмиқёси маъмул ва дӯстдоштании мардум “Бурд намо”, эҳдои тӯҳфаҳо ба ҳамаи 20-солаҳои Тоҷикистон ва онҳое, ки имсол 20-солагии тӯяшонро таҷлил менамоянд, мебошад.

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

5.jpg

6.jpg

7.jpg

8.jpg


1267

Бозгашт ба рӯйхат