Tcell сеюм марҳилаи қуръакашии аксияи «Бурд намо-2022»-ро баргузор намуд

Ширкати Tcell сеюм қуръакаши миёнадавриро дар марҳилаи иқдоми «Бурд намо–2022» баргузор кард. Оператор ғолибони ҷоизаҳоро дар қуръакашии сеюм муайян намуд.
  
Сокинони хушбахти шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ соҳиби смартфонҳо гардида, ноутбукҳо насиби сокинони ноҳияи Ёвон ва шаҳри Конибодом шуданд, ҳамчунин сокинони шаҳри Норак ва ноҳияи Рудакӣ ду LED-TV бурд карданд.

Рӯйхати ID-рақамҳои ғолиб:  
Смартфон: S0280129, N0257272.
Ноутбук: S0061518, N0081370.
LED-TV: S0043065, N0086949.

Сабти намоиши телевизионии қуръакаширо метавонед дар шабакаи YouTube-и Tcell Tajikistan бубинед. Ҳамакнун, қуръакашии чоруми миёнадаврии «Бурд намо» рӯзи 28 ноябр баргузор мешавад. Барои иштирок дар иқдом зарур аст, ки фармони *707#-ро иҷро карда, соҳиби ID-рамаз шавед ва он дар қуръакашӣ ширкат менамояд.

Соҳибони хушбахти ID-рақамҳо метавонанд ба марказҳои хизматрасонӣ муроҷиат карда, шахсияти худро тасдиқ намоянд ва тӯҳфаҳои арзишманди худро гиранд. Барои иштирок дар иқдом шитоб кунед, имконияти худро аз даст надиҳед ва соҳиби яке аз 6 автомобили нави Skoda Rapid, ё шоҳҷоизаи Volkswagen ID.4 шавед.
 
Муфассал дар пайванд: http://www.tcell.tj/lu.php  ва ё бо рақами 257.

1088

Бозгашт ба рӯйхат