Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон - рейтинги миллии "TOП-100 бонуи Тоҷикистон 2021" баргузор шуд!

Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон - рейтинги миллии "TOП-100 бонуи Тоҷикистон 2021" баргузор шуд!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell, сарпарасти кулл ва шарики асосии лоиҳа буд.

Ҷоизаҳо ба 100 зани маъруф, зебо ва муваффақ, ки исми онҳо ба таърихи Тоҷикистони муосир ворид шудааст ва дар самтҳои мухталиф: идоракунии давлатӣ, дипломатия, тиҷорат, саноат, фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш, хайрия ба қуллаҳои баланди фаъолият расиданд, эҳдо гардидаанд.

Ғояи асосии лоиҳа - оммавӣ гардонидани пешсафӣ ва роҳбарии бонувон ба манфиати Тоҷикистон - ба принсипҳои фаъолияти иҷтимоии Tcell хеле наздик аст. Маҳз, аз ҳамин рӯ, ширкати Tcell бар изофа ба дастгирии умумӣ ба номзадҳо дар бахшҳои "Хизмати давлатӣ" ва "Исми сол" тӯҳфаҳои арзишманд тақдим кард.

Чорабиниро ширкати консалтингии «Идея», Клуби бонувони муваффақ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарпарастии Tcell баргузор намуданд.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

5.JPG

6.JPG

8.JPG

9.JPG

10.JPG

11.JPG

1464

Бозгашт ба рӯйхат