Ширкати Tcell дастрасии сайёҳонро ба хизматрасониҳои рақамӣ тавсеа бахшид!

Ширкати Tcell дастрасии сайёҳонро ба хизматрасониҳои рақамӣ тавассути ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати экология ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тавсеа бахшид. Маркази нав робитаи беҳтарро бо сайёҳон таъмин намуда, ба он равона шудааст, ки хизматрасониро ба сайёҳоне, ки ба шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд меоянд, беҳтар созад.

Tcell аз тамоми сокинон ва меҳмонон даъват менамояд, ки ба маркази нави хизматрасонӣ биёянд ва аз машварати мутахассион баҳравар гарданд. Дар ин ҷо ба муштариён барои азхудкунии имкониятҳои рақамӣ мусоидат мекунанд.

Нишонии мо: майдони Регистон, Панҷшанбе (паҳлӯи даромадгоҳи масҷиди Шайх Муслиҳиддин)

1.jpeg

2.jpeg

3.jpeg



157

Бозгашт ба рӯйхат