Хабарҳо

Tcell нахустин ширкати мухобироть дар Тоҷикистон аст, ки бо Сбербанки Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо кард.

Аз имрӯз сар карда, шумо метавонед тавозуни Tcell-ро аз қаламрави Федератсияи Русия пур кунед! Дар ҳаққи ҳамватанони мо ғамхорӣ зоҳир карда, ширкати Tcell ва Сбербанк ин хидматро бо 0% комиссия пешниҳод менамоянд! Барои анҷоми пардохт ва пур кардани тавозун замимаи «Сбербанк Онлайн» бояд насб карда шавад.
4855

Ҳамин ҳоло марҳилаи авҷи тӯҳфаҳои солинавӣ аст!

Телевизорҳои ҳушмандро аз шабакаҳои мағозаҳои “Волна” харидорӣ намуда, соҳиби Интернети бемаҳдуд аз Tcell мешавед!
Ҳангоми пайвасткунии опсияи «4G бемаҳдуд M» ба телевизиони нави SMART, истифодаи Интернет дар моҳи аввали ройгон аст ва моҳҳои дуюму сеюм онро бо нисфи арзиш ба даст оварда метавонед!
Опсияҳои "4G Бемаҳдуди L" ва "4G Бемаҳдуди ХL" бошанд, бо 50% тахфиф дар 3 моҳ пешниҳод мешаванд!
2118

Гӯшии ҳушманд бе интернет, ҳушманд нест! Смартфон бихаред ва аз Tcell ҳадя бигиред!

Ҳангоми харидории телефонҳо дар нуқтаҳои фурӯши таҷҳизот дар Душанбе ва Хуҷанд, Шумо соҳиби купони туҳфа барои пайваст кардани нақшаи тарофавии “Даркор” мешавед! Истифодаи тарофа дар моҳи аввал- ройгон ва моҳҳои 2-юму 3-юм бо нисфи арзиш аст!
Соли нав муборак!

2023

Tcell ва Smart city аз Душанбе “шаҳри ҳушманд” месозанд!


Имрӯз дар дафтари марказии ширкати Tcell мулоқот ва маросими имзои Ёддошти тафоҳум байни Tcell ва КВД «Шаҳри ҳушманд” (Smart city) баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамкориҳои минбаъдаи ду ширкат татбиқи тарҳи "Душанбе-шаҳри ҳушманд" мебошад.

“Шаҳри ҳушманд” (Smart city)- ин ҳамгироӣ (баҳамоӣ)-и якчанд фанноварии иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои мудирияти моликияти шаҳр мебошад. Ҳадафи роҳандозии пружаи "шаҳри ҳушманд" содда кардани идоракунии равандҳои дохилии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ тавассути технология мебошад. "Шаҳри ҳушманд" бояд созгор бо муҳити зист, бехатару пурэнержӣ бошад, имкониятҳои васеъро фароҳам орад ва фаъолиятҳои осону бароҳатро таъмин намояд.

«Дар замони муосир рушди ҷомеъа ба таври мустақим ба роҳҳалҳои навоваронаи фанноварӣ бастагӣ дорад. Ширкати Tcell бо номи тиҷорӣ(бренд)-и худ, мавқеъ ва ваъдаи собит ба ҷомеа, ҳамеша барои воридсозӣ ва роҳандозии ҷадидтарин технологияву роҳҳалҳои навоварона ба Тоҷикистон талош меварзад. Пружаи “шаҳри ҳушманд” раванди пешрафтаи технология дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, татбиқи он зиндагии одамонро роҳаттар ва осонтару қулайтар месозад.Ширкати Tcell заминаи воқеии бунёди як шаҳри диҷитол (рақамӣ)-ро дорад. Хушнуд аз он ҳастем, ки дар татбиқу тавсеаи тарҳи “Душанбе-шаҳри ҳушманд” ширкат менамоем, то оянда онро ба корти муаррифии пойтахт табдил бидиҳем”,- иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ибтикори мазкур барои рушди "шаҳри ҳушманд" вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025" дарҷ ёфтаанд. Бо тавсеаи “шаҳри ҳушманд” ширкатҳо иқтисоди рақамии кишвар, ҳукумати электронӣ ва зерсохторҳои диҷитолии шаҳрро рушд хоҳанд дод.

Аснои музокироту баррасии масоили марбут, ҷонибҳо дар мавриди фаъолияти муштарак дар бахшҳое амсоли “нақлиёти ҳушманд”, “ҳифзу беҳдошти ҳушманд”, “омӯзишу парвариши ҳушманд”, “энергетикаи ҳушманд” ва “амнияти ҳушманд” ба тавофуқ расиданд. Ширкатҳо талоши муштаракро барои эҷоди маркази ягонаи додаҳо идома медиҳанд, рӯи лоиҳаҳои зистмуҳитӣ ва технологӣ кор мекунанд, ки дар ниҳоят ба пайдоиши сокини шаҳри ҷадиди рақамӣ (диҷитол) мусоидат хоҳад кард.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

2.JPG

1983

Ширкати Tcell шабакаро барои таҷлили Соли нав омода мекунад.


Ширкати Tcell корҳои бузургҳаҷми фанниро барои густариш ва тақвияти шабака дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад. Дар арафаи Соли нав сарборӣ дар шабака чанд маротиба бештар мешавад ва маҳз дар ин замон дар иртиботи доимӣ будан бо наздикону пайвандон аз ҳама муҳимтар аст.

Дар марҳилаи навбатии таҷдиду навсозӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон (дар Вахш, ноҳияҳои Румӣ ва Бохтар) дар 21 пойгоҳи базавӣ корҳои фаннӣ (техникӣ) ба анҷом расонида шуд. Дар Душанбе 4 истгоҳи нави 3G ва 4G насб гардида, то поёни сол якчанд пойгоҳҳои ҷадид дар маркази кишвару вилояти Хатлон охири сол боз якчанд истгоҳҳои нави базавӣ дар Душанбе ва вилояти Хатлон ба кор медароянд.

Навсозӣ ва таҳкими шабака такмили фанниро дар назар дорад, ки пойгоҳҳои базавӣ бо ҳадафи афзоиш додани тавонмандӣ ва фарогирии шабака анҷом дода мешаванд. Яъне, пас аз таҷдиду навсозӣ теъдоди бештари муштариён ба шабака пайваст шуда, сифати Интернет ва ироаи он бамаротиб беҳтар мегардад.

Эҳсосоти Соли навро бо ҳам тақсим намоед, бо хонавода ва дӯстон дар тамос бошед, ба ҳамдигар хурсандӣ ва кайфияти идона диҳед- бо алоқа аз Тсеll! Тӯҳфаи солинавии «Бастаи солона 2020» аз Tcell- беҳтарин ҳадяи солинавӣ аст, ки бо ин баста як соли комил ба тарзи ройгон дар дохили шабака гуфтугӯ менамоед ва мегабайтҳои Интернет роҳат истифода мебаред!

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

2009

Tcell ғолиби иқдоми роумингии “Ҷомадони бунафш”-ро эълон кард!

Маъракаи бузургмиқёси роумингӣ аз ширкати Tcell «Ҷомадони бунафшранг» барои онҳое, ки зуд-зуд сафар мекунанд ва ҳаёти худро бидуни иртиботи доимӣ бо оила ва дӯстон тасаввур карда наметавонанд, ба поён расид. Барандаи асосии иқдом Ҳусейн Ҷӯраев, нафақахӯр аз ноҳияи Айнӣ гардид. Ҳусейн соҳиби шаҳодатнома бо маблағи 10 000 сомонӣ ва роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳи лижаронии зимистонаи "Сафед-Дара" шуд ва дар он ҷо метавонад бо наздикону пайвандон таътили зимистонаро хотирмон сипарӣ намояд!

Маъракаи роумингии Tcell "Ҷомадони бунафш" дар моҳи май оғоз ёфт. Ҳар моҳ Tcell ба панҷ ғолиби озмун ҳадяҳои хотирмон ва аз ҳама муҳим- ҷомадони зебои рангаш бунафшро тӯҳфа мекард. Тайи ин муддат 30 нафар барандаи иқдом соҳиби ҷомадон гардиданд.

Бурди тӯҳфаҳо ҳар моҳ миёни онҳое, ки аз хизматрасонии “Реалний” (Ҳақиқӣ) ва ё “Легкий” (Сабук) дар роуминг истифода бурда, дар як моҳи тақвимӣ 100 сомонӣ сарф кардаанд, баргузор мешуд. Ғолибон тавассути рақамҳои тасодуфӣ, ки генератор муайян менамояд, эълон мегардиданд.

Сафар кунед ва барои худ дунёро кашф кунед, дар ин ҳолат низ иртиботи доимиро бо хешовандону дӯстон тавассути хидматрасонии роуминги Tcell аз даст надиҳед! Тафсилоти бештар дар бораи пайвастшавӣ ва хидматрасонӣ дар нишонии зерин: https://www.tcell.tj/roaming/realniy-i-legkiy-rouming/podkl-i-usloviya.php

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg

2.jpg

1736

Tcell Chat

Бо хушнудӣ ба Шумо хабар медиҳем, ки акнун барномаи "Tcell Chat" барои корбарони таҷхисотҳои iOS дастрас аст! Бо кӯмаки мушовирони онлайн Шумо метавонед тарофаро иваз намоед, хизматрасониҳоро фаъол кунед ва бастаҳои иловагӣ харидорӣ кунед. Мушовирони онлайн бо омодагӣ ба саволҳои Шумо фавран посух медиҳанд. Шумо метавонед дар вақти воқеӣ ҷавоби фаврӣ гиред, бидуни зарурати занг ба Маркази иттилоотӣ.


Барномоаи мобилии "Tcell Chat" мушовири шахсии онлайни Шумо дар телефон аст!

Google-Play.png   App-Store.png
1681

Cоли нави “бунафш”-ро бо Tcell истиқбол бигиред!


Ширкати Tcell дубора иқдоми бузурги “Соли нави бунафш”-ро оғоз менамояд.
Бобоҳои барфии бунафшранг дар моҳи декабри соли гузашта дар саросари кишвар қалбҳои ҳама- ҳам пиру барно ва атфолро тасхир карданд.

Бобоҳои барфии бунафшранг он замон дар ҳама ҷо ҳузур пайдо карданд: онҳо дар бузургтарин шаҳрҳои кишвар сайру гашт доштанд, сари чанбараки нақлиёти мусофиркаш буданд, меҳмони арчаҳои солинавӣ шуданд ва албатта ҳадяҳои солинавӣ тақдим карданд!

Бобои барфии ҳақиқиқии бунафшранг аз Tcell барои истиқболи хотирмон аз соли нави мелодии 2020 бармегардад! Бобои барфӣ дар мавзеҳои серодами шаҳр пайдо шуда, дар кӯчаҳои марказӣ ва боғҳо сайру гашт мекунад, ба фурӯшгоҳҳои бузург ва албатта ба бозорҳо меравад.

Маълумот дар бораи макони пайдошавӣ ва мавзеъи ҳузури Бобои барфиро аз cаҳифаи расмии Тсеll дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда метавонед.

Ҳангоми вохӯрӣ бо Бобои бунафшранг зарур аст рамзи “Бобои барфии ҳақиқӣ   Бунафшранг аст” -ро бигӯед. Ҳар касе тезтар Бобои барфиро пайдо карда, рамзро ном мебарад, Бобои барфӣ ба ӯ тӯҳфа – “Солонаи бемаҳдуд 2020”-ро тақдим менамояд!

Шонс (имконият)-и пайваст шудан ва ё тӯҳфа кардани хидматрасонии “Солонаи белимит 2020”-ро барои худу наздиконатон аз даст надиҳед!

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1391

Дафтарҳои Tcell дар ҳама истгоҳҳои марказии пойтахт!

Tcell дар 26 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе марказҳои хидматрасонии муштариёнро боз кард.
Tcell бо талоши наздик будан ва иртиботи қавӣ доштан бо муштариёни худ, шабакаи фурӯши чаканаи худро густариш дода, маконҳои мувофиқро барои хидматрасонии муштариён интихоб менамояд. Дарёфти хидматрасонии сатҳи олӣ, интихоби тарофа ва гирифтани машварати мутахассиси ҳирфаӣ барои сокинони Душанбе беш аз пеш осонтар мешавад.

Ин ҳамаро онҳо дар истгоҳҳо- аснои мунтазир шудани нақлиёт анҷом дода метавонанд!

Дар марказҳои ҷадиди ширкат, муштариён имкони дастрасӣ ба хидматҳои баландсифатро доранд, инчунин машварат дар бораи куллияи масоили марбут ба алоқаи Tcell-ро дарёфт менамоянд ва тарофаҳои худро метавонанд фаъол созанд. Ҳамзамон, дар ин ҷо муштариён имкони харидории таҷҳизоти муосиру фанновариҳои навтарини иртиботро доранд.

Tcell дорои шабакаи бузурги хидматрасонӣ дар саросари кишвар аст. Tcell дар мавриди бароҳатӣ ва осону қулай кардани хидматрасонӣ ба муштариён, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Мунтазири дидори Шумо дар марказҳои хизматрасонии ширкат ҳастем!  

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1390

Дӯстони арҷманд! Иқдоми роумингии "Ҷомадони бунафш" ба анҷоми мантиқии худ наздик шуд.


Мо омодаем, ки ғолиби асосӣ- соҳиби шаҳодатнома бо маблағи 10.000 сомониро барои истироҳат дар осоишгоҳи зимистонаи “Сафеддара” муайян намоем! Барандаи ин сертификат метавонад таътили зимистонаро якҷоя бо ёру дӯстон ва пайвандонаш дар осоишгоҳ ба таври хотирмон гузаронад! Видео

Ғолиб аз миёни 30 барандаи даврҳои пешини иқдоми «Ҷомадони бунафшранг» аз моҳи май то октябри соли равон интихоб ва муайян мешавад. Бозии бурдноки “Ҷомадони бунафшранг” ҳар моҳ миёни онҳое, ки аз хизматрасонии роуминги “Воқеӣ” ва ё “Осон” аз Tcell истифода бурда, тайи як моҳи тақвимӣ 100 сомонӣ ба ин хизматрасонӣ сарф мекунанд, гузаронида мешавад.

Сафар кунед, дунёи навро барои худ кашф намоед ва бо роуминг аз Tcell ҳамеша бо наздикону пайвандон дар иртибот бошед!
1344


Страницы: Пред. 1 ... 23 24 25 26 27 ... 63 След.