Хабарҳо

Tcell ва Аввалин бонки молиявӣ муштаракан “Корти Осон”-ро пешниҳод менамоянд!


Ширкати Tcell дар якҷоягӣ бо ҶСП “Аввалин бонки молиявӣ” барои куллияи сокинони Тоҷикистон корти муштараки бонкии “Корти Осон”-ро пешниҳод менамоянд.Корти муштараки «Корти Осон»-ро дар марказҳои хизматрасонии Tcell, ки дар нуқтаҳои қулай дар Душанбе, НТМ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ҷойгиранд, фаъол кардан мумкин аст!

Бартарият ва афзалияти аслии «Корти Осон» - равиши осони интиқол ва гирифтани пул аст. Дар давоми чанд дақиқа пас аз дархост бо «Корти Осон» дарёфти маблағ дар ҳисоби корт имкон дорад!

Интиқоли мустақими пул ба корт- роҳи осон ва фоидаовари ирсоли маблағ ба Тоҷикистон тавассути низоми интиқоли пул («Contact», «Юнистрим», «Золотая Корона», «Blizko» «Western Union» ва ғайра) мебошад. Барои ирсоли маблағ ба «Корти Осон» танҳо донистани рақами корт ва дарёфткунанда (гиранда)-и пул зарур асту бас. Пулҳоро бо асъорҳои мухталиф- рубли русӣ, доллари амрикоӣ ва ё ЕВРО ирсол кардан мумкин аст. Маблағ ба ҳисоби дарёфткунандаи пул дар шакли арзи миллӣ- сомонӣ ва бо қурби ҳамонрӯзаи Аввалин бонки молиявии хурд, ки барои муштариён дар сомона дастрас аст, гузаронида мешавад.

Ҳузури инфиродии муштарӣ ба бонку бахшҳои он аллакай дар гузашта монд!Барои дарёфти маблағ зарур нест, ки кадом санадро пур намоед ва ё дар навбати тӯлонӣ биистед, ҳисоби Шумо ба гунаи зуд ва хеле қулай дар корт мегузарад. Ба таври нақдӣ, бе комиссия ва бо асъори миллӣ- сомонӣ, ё доллари ИМА гирифтани маблағ низ аз банкоматҳои Аввалин бонки молиявӣ ҳеч душворӣ надорад!  

Соҳибони кортҳои  «Корти Осон» имконияти бесобиқаи истифода аз ҳисоби кортии худро доранд, агар онро ба ҳамёни мобилии ТезСум пайваст намоянд! Бо ёрии ҳамёни инфиродӣ (шахсӣ)-и ТезСум дар реҷаи шабонарӯзӣ (24/7) имкони пардохтҳои гуногуни ғайринақдиро аз корт ва 150 намуди хизматрасониро доред: пардохтҳои коммуналӣ, интернети хонагӣ ва телевизион, ҷаримаҳои ҳаракат дар роҳ, қарзҳои бонкӣ ва ғайраҳо.

Ҳамчунин, тавассути корти мазкур пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳама фурӯшгоҳҳо ва идораҳи марбути бахши тиҷорати Тоҷикистон, ки Корти Миллиро қабул доранд, бе комиссия анҷом додан мумкин аст.  

Tcell – ширкати бузурги мухобиротии Тоҷикистон буда, ягона саҳҳоми он Бунёди Оғохон оид ба Рушди иқтисодӣ (AKFED) аст.
ҶСП «Аввалин бонки молиявӣ» тамоми намуди хизматрасониҳои бонкиро тавассути шабакаҳои умумиҷумҳуриявии худ ва оҷонсиҳои пардохти бонкӣ пешниҳод месозад. Саҳмдори асосии бонк Фонди Оғохон оид ба Рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.
AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Scene-2 карта.jpg

1650

Муштариёни муҳтарам!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки, аз 23.08.2019 дар бастаи тарофавии «4G Белимит XS», нақшаи тарофавии «Белимит 4G 2016» тағйиротҳо ворид карда мешаванд.

Дар ҷадвали поён зикр шуда шартҳои нав оварда шудааст:

Бастаи тарофавӣ
Пардохти муштарӣ
Ҳаҷми трафик
4G Белимит XS
61 сомонӣ
4000 Мб

1441

Чиптаҳои парвози ҳавопайморо аз марказҳои хизматрасонии Tcell дарёфт намоед!

Ширкати Tcell дар Тоҷикистон нахустин шуда имконияти мусоидро фароҳам меорад: ҳамакнун дар марказҳои хизматрасонии ширкат чиптаҳои парвози ҳавопайморо ба ҳар гӯшаву канори дунё харидан мумкин аст!
Марказҳои хизматрасонии Tcell дар ҷойҳои серодам ва қулай ҷойгир буда, аз ин нуқтаҳо роҳат истифода бурдан имкон дорад.

Марказҳои хизматрасонии Tcell, ки дар онҳо фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба роҳ монда шудааст:

Минтақаи Қӯрғонтеппа:

  • Ёвон – 3 маркази хизматрасонӣ
  • Қумсангир
  • Вахш
  • Ҷиликӯл
  • Шаҳритус
  • Панҷ
  • Ҷамоати Румӣ
  • Абдураҳмони Ҷомӣ
  • Қубодиён
  • Қӯрғонтеппа
  • Ҷамоати Ӯ.Назаров
  • Ҷамоати Фурқат
  • Ҷамоати Панҷ
  • Ҷамоати Калинин
  • Қумсангир (Истгоҳи мусофиркашонӣ)
  • Тахти Сангин
  • Оби Киик
  • Чапаев (ноҳияи Ҷ. Балхӣ)

Душанбе:

  • Рӯдакӣ 91
  • Рӯдакӣ 55
  • Боғи А. Ҷомӣ
  • 9 км
  • Фурӯшгоҳи чиптаҳо (Авиакасса)
  • Садбарг
  • Иттифоқҳои касаба
  • Маҳаллаи 82-юм


НТМ:
  • Ваҳдат
  • н. Рудакӣ
  • н. Файзобод
  • Ҳисор
  • Турсунзода
  • Ҷиргатол
  • Тоҷикобод
  • Рашт
  • Турсунзода-2


Без-имени-1Монтажная-область-2.png

1416

Tcell ғолибони марҳилаи дуюми иқдоми «Пардохти муваффақ»-ро муайян кард!

Дар дафтари марказии ширкати Tcell дар Душанбе, бо ҳузури аъзои комиссия ва кормандони ширкат, муштариёни Тсеll, инчунин хабарнигорон қуръакашии бурди ҷоизаҳои аксияи “Пардохти муваффақ”, тарҳи муштараки ширкат ва Hyunday баргузор гардида, ҷараёни он тавассути эфири мустақими радиои “Ватан” пахш шуд! Дар ин марҳила 10 барандаи тӯҳфаҳо муайян шуданд, ки “пардохти муваффақ” –ро анҷом додаанд. Онҳо 5 телефони ҳушманди Samsung A30, 3 Smart TV Samsung, MacBook ва сабукрави тамғаи Hyundai Accent-ро бурд карданд!

10 ғолиби даври аввали иқдом тариқи қуръакашӣ дар таҷҳизоти автоматӣ, ки бо системаи омехта, тубчаи рақамгузоштаро (ва он дар маҷмӯъ ID-рақами муштариро ташкил дод) пешниҳод мекунад, муайян карда шуд. Ғолибони ин иқдоми Tcell муштариён аз Исфара, Истаравшан, Спитамен, Ҷ. Расулов, Ашт, Б. Ғафуров ва Бохтар гардиданд!

Рӯйхати комил (пурра)-и ID-рақамҳое, ки ҷоиза бурд кардаанд, дар сомонаи ширкат бо нишонии зер маҳфуз аст: https://www.tcell.tj/content/news/successful-payment-second/

Дар зудтарин фурсат намояндагони Tcell ба ғолибон тамос гирифта, онҳоро ба маросими эҳдои тӯҳфаҳои иқдоми “Пардохти муваффақ” даъват менамоянд ва мо дар бораи онҳо ба дигарон нақл хоҳем кард!

Марҳилаи дуюми аксия аз 15 июн то 29-уми июл идома ёфт. Ҳамаи муштариёни ширкати Tcell аз саросари Тоҷикистон, ки ба тавозуни телефони мобилиашон аз 10 сомонӣ бештар маблағ гузарониданд, ба таври худкор (автоматӣ) иштирокчии иқдом гардиданд.  

Пас аз ба анҷом расидани марҳилаи дуюми иқдоми “Пардохти муваффақ” даври сеюм ва ниҳоии аксия оғоз гардида, он то 10сентябр идома меёбад. Дар марҳилаи ниҳоӣ бошад, теъдоди ҷоизаҳо афзоиш меёбад. Ба ғолибон дар ин давр 10 телефони ҳушманди Samsung A30, 4 Smart TV Samsung, 3 MacBook ва автомобили Hyundai Accent тақдим мегардад.

Барои иштирокчии аксия шудан зарур аст, ки ба тавозуни телефонатон 10 сомонӣ ва ё бештар аз он маблағ гузаронед. Барои ҳар як 10 сомонӣ ба муштарӣ SMS-паёмак бо ID-рақами инфиродӣ ирсол мегардад ва баъдан ин рақамҳо дар бурди ҷоизаҳо иштирок менамоянд. Таври мисол, агар Шумо ба тавозунатон 50 сомонӣ гузаронед, соҳиби 5 ID-рақам хоҳед шуд.

Иқдоми «Пардохти муваффақ» - бебохт аст, зеро муштарие, ки дар он иштирок мекунад, ҳеч гуна маблағи иловагӣ сарф наменамояд. Маблағи муштарӣ дар тавозуни ӯ боқӣ мемонад, аз он комиссия ҳисобида намешавад ва муштарӣ онро барои интернет ва ё пайвастшавӣ ба дигар хизматрасониҳо сарф карда метавонад.

Тавозуни худро ба 10 сомонӣ пурра карда, соҳиби ID-рақами инфиродӣ ва иштирокчии аксия шавед! Шояд ҳамин пардохти Шумо муваффақ мешавад!

Муфассал дар бораи иқдоми “Пардохти муваффақ” ва шартҳои он аз ин суроға маълумот гирифта метавонед:

https://www.tcell.tj/content/news/conditions-of-the-promotion-successful-payment/

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

3.JPG

4.JPG

2.JPG

1555








Страницы: Пред. 1 ... 26 27 28 29 30 ... 63 След.