Хабарҳо

Tcell дар ноҳияҳои тобеъи марказ шабакаро тавсеа медиҳад.


Ширкати Tcell ба тақвияти шабака дар навоҳии тобеъи марказ идома медиҳад. Дар натиҷаи амалисозии корҳо дар умури техникии шабака беш аз 17000 нафар дар ноҳияҳои Ҳисор ва Турсунзодаи ҶТ ба интернети Tcell дастрасӣ пайдо намуданд! Дар ин минтақаҳо 4 пойгоҳи ҷадиди стандарти 3G насб гардид, ки 16 нуқтаи аҳолинишинро фаро мегирад.


Ширкати Tcell  бо насби истгоҳҳои мавҷпарокании стандарти 3G ба 17 000 сокини ин навоҳӣ имконияти пайваст шудан ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро муҳайё кард. Онҳо корбари фаъоли Интернет гардида, аз навигариҳои муосир, дастовардҳои технологӣ бохабар мешаванд, ҳамеша бо пайвандону наздиконашон, ки дар берун аз кишвар ба сар мебаранд, дар иртибот мебошанд.  

Дастрасӣ ба Интернет ба онҳо имкон медиҳад, ки ба тамоми ҷаҳон дар бораи худ нақл кунанд. Ва онҳо метавонанд дар мавриди: маконҳои истироҳатӣ, таърихӣ, ҷойҳои зебову қадима, ки дар Ҳисору Турсунзода зиёданд, ба дигарон бигӯянд. Дар ҳама давру замон дар ин водӣ ҳаёт ҳамеша дар ҷӯшу хурӯш буд: Роҳи бузурги абрешим маҳз аз ин ҷо убур мекард, дар ин минтақа бозёфтҳои зиёди антиқа дарёфт шудаанд, маконҳои таърихӣ то ҳанӯз дар ин водӣ побарҷоанд. Таври мисол, Қалъаи таърихии Ҳисор умри беш аз 2500 –cола дорад!

Табиати водии Щисор низ дар навбаи худ дилфиребу такрорнашаванда аст: рӯдҳои тозаи кӯҳӣ, қуллаҳои барфпӯш, олами бойи набототу ҳайвонот ба ҳусни дигари ин минтақа ҳусни нав зам мемкунад. Дар дараи Ширкент, ки дар ноҳияи Турсунзода воқеъ аст, харсангҳои азимҷуссаро дидан мумкин аст, ки осори пойи динозаврҳо аз замонҳои қадим то имрӯз боқӣ мондаанд. Чунин бозёфтҳо дар ҷаҳон хеле кам ба назар мерасанд! 

Ҳамин тавр, сокинони Турсунзодаву Ҳисор ба шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрасӣ пайдо карда, бо ахбору навгониҳои дунё ошно мешаванд, ҳамзамон дар бораи диёри худ, тарзи ҳаёт, дастовардҳои миллӣ ва таърихии хеш ба ҷаҳониён қисса хоҳанд кард. Иртиботи доимиро низ бо наздикону пайвандонашон нигоҳ хоҳанд дошт. 

Ширкати Тcell ба тавсеаи шабака дар манотиқи кишвар идома дода, ҳамвора ба рушди техникии он аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Тақвият ва навсозии шабака дар саросари ҷумҳурӣ: дар пойтахт, НТМ, вилоёти Суғду ВМКБ ва Хатлон давом меёбад. Масъулин ва роҳбарияти ширкати мобилӣ тасмим доранд, ҳар чи бештар муштариёнро бо шабакаи насли 3G ва 4G пайваст намоянд. Дар ҳошияи тақвияти техникӣ ва навсозии шабака дар ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Тоҷикобод чанде қабл 9 пойгоҳи ҷадиди стандарти 3G ба истифода дода шуд. Тайи моҳҳои ахир шабакаи насли чорум -   4G дар қаламрави шаҳрҳои Кӯлоб, Роғун, Данғара ва Хоруғ насбу васл гардид. 

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

bs_tj.png

1604

Бобои барфии ҳақиқӣ ва бунафшранг дар сари чанбарак!


Аз 15 декабр ширкати Tcell ва «Олу4а Таксӣ» шуморо ба мулоқоти Бобои барфии бунафшранг, ки ронандаи боэътимодатон хоҳад шуд, даъват менамояд!



Тавассути рақами 7000  «Олу4а Такси» -ро фармоиш дода, хоҳиш намоед, ки ронандаи Шумо Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг бошад! Бобои барфӣ аснои сайругашт ба шумо табъи хушу болидаро муҳайё месозад, мусофирони хурдсолро бе тӯҳфа намегузорад. Ҳангоми пайвастшавӣ ба тарофаи “Даркор 59” ва аз он боло бошад, шумо соҳиби сертификат барои дарёфти рақами “Нуқрагӣ” аз Tcell хоҳед шуд!

Теъдоди туҳфаҳо маҳдуд аст, аз ин рӯ шитобед, то мусофири таксие шавед, ки ронандааш Бобои барфии бунафшранг аст!
1658

Мавсими тақдими тӯҳфаҳо аз Бобои барфии бунафшранги Tcell идома дорад!


Бобои барфии бунафшранг



1 декабр, рӯзи нахустини фасли зимистон, Тcell розро ошкор кард: Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст! Аз ҳамон рӯз ба ин сӯ, Бобоҳои барфии бунафшранг дар шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба эҳдои тӯҳфаҳои зарурӣ- гуфтугӯи бемаҳдуд дар давоми соли 2019 бо опсияи “Белимити солона” аз Tcell оғоз намуданд! Иқдом (аксия) то 15 декабр давом меёбад, аммо бо ин ҳама “сюрпризҳо” аз Бобои барфии бунафшранг ба анҷом намерасанд! 

Иштирокчиёни аксия, ки аз ҳама пештар Бобои барфиро дида рамзи “махсус”-ро мегӯянд, соҳиби сертификат барои пайваст шудан ба опсияи “Белимити солона-2019” аз Tcell мешаванд. Ин тарофа- иртиботи бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет барои тамоми соли 2019-ро дорад. 

Дар ҳама саҳифаҳои Тcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, VK, OK, Viber) ва эфири радиои “Love Radio” дар вақти муайяншуда ҷои Бобои барфии бунафшранг ва “рамзи махсус” эълон мегардад, ки онро ба ба Бобои барфӣ расондан зарур аст. Бобоҳои барфии ҳақиқӣ ва бунафшрангро аллакай дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзод ва Хоруғ истиқбол намуданд. Дар саросари кишвар пайдо шудани Бобои барфиро сокинони зиёде интизоранд.

То 15 декабр дар аксия “Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст”-и Тсell ширкат кардан мумкин аст. Имконияти пайваст шуданро ба хизматрасонии солонаи “Белимити солона барои соли 2019” ва ё тӯҳфа намудани он ба дӯстону пайвандонро аз даст надиҳед!  Эълонҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ кунед, радиои “Love Radio”-ро гӯш кунед, то аз пайдо шудани Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг дар шаҳру ноҳияаатон бехабар намонед ва соҳиби иртиботи белимити солона аз Тсеll гардед!

Баъди анҷоми аксия Бобои барфии бунафшранг барои сокинони пойтахт “сюрприз” дорад!

Ширкати Tcell ва «Олу4а Такси» аз 15 декабр шуморо ба “вохӯрӣ” бо Бобои барфии бунафшранг даъват менамояд, ки дар ин ҳангом Бобои барфи ронандаи боэътимоди шумо хоҳад буд! Ба замми ин ӯ ба шумо тӯҳфа медиҳад! «Олу4а Такси»-ро бо рақами 7000 даъват намуда, дархост кунед, ки ронандаи мошин Бобои барфии ҳақиқии бунафшранг бошад!
Аснои сафар Бобои барфӣ ба шумо табъи хушу болидаро фароҳам меорад, мусофирони хурдсол бошанд соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ мешаванд: ҳангоми пайваст шудан бо тарофаи даркории “Даркор 59” ва аз он болотар, шумо соҳиби рақами Нуқрагӣ аз меагардед!   Теъдоди ҳадяҳо маҳдуд аст, аз ин рӯ талош кунед, ки бо таксии ронандааш Бобои барфии бунафшранг ба сайругашт бароед!

Ширкати Tcell якояки шуморо бо Соли нави 2019 муборакбод гуфта, бароятон куллияи хушиҳои зиндагӣ, табъи хушу болида ва эҳсосоти наҷибро таманно менамояд.

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/
Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/
VK: https://vk.com/tcell
OK: https://ok.ru/tcell.tj

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Timeline 2.jpg
1599

«Тилло» ва «Нуқра»-и лоиҳаҳои Tcell дар озмунҳои Осиёи Марказии ҷоизаи «Event Awards Central Аsia»!


«Event Awards Central Аsia»!



Натоиҷи озмунҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар бахши бозорёбӣ (маркетинг)-и ҷоизаи «Event Awards Central Аsia» эълон гардиданд. Лоиҳаи Tcell  “Иқдоми таблиғотӣ барои роуминги дастрас дар Ӯзбекистон» дар бахши «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ» соҳиби нишони Тиллоӣ шуд! Тарҳи муштараки Радиои “Азия Плюс” ва Тсеll «Ҳамроҳ мехонем» дар бахши «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» сазовори ҷоизаи Нуқра гардид.

Event Awards Central Asia – ин ҷоизаи мустақили касбӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки барои дастовардҳои бузурги эҷодӣ аснои баргузории чорабиниҳои марбути бозорёбӣ (маркетинг) тақдим мешавад. Тайи солҳои ахир ин мукофот ба тарҳҳои муваффақе, ки дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон татбиқ меёбанд, эҳдо мегардад.

Имсол барои ҷоизаи Тилло дар бахши чорабиниҳои бозорёбӣ беш аз 60 лоиҳа аз бузургтарин ширкатҳои минтақа рақобат доштанд. Озмун аз сӯи доварони мустақил, ки коршиносони шинохтаи соҳоти “event”, HR-у PR (таблиғ ва бозорёбӣ)-и ширкатҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Латвия, Словакияву Малдова, инчунин намояндагони ВАО ва ҳунармандони маъруфи ин кишварҳо буданд, ҳакамӣ мешуд.    

 Tcell дар бахши «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ»-и лоиҳаи “Иқдоми таблиғотӣ барои роуминги дастрас дар Ӯзбекистон» соҳиби нишони “Тилло” гардида, онро ба Тоҷикистон овард. Моҳи феврали соли 2018 барои ду кишвари ҳамсояву ҳамҷавор, ки марзҳои муштарак, урфу одат ва фарҳанги ба ҳам наздик доранд, рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Сарҳадоти ин давлат, ки тайи қариб 20 сол барои равуои шаҳрвандон мушкил эҷод менамуданд, боз гардиданд. Мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон ин иқдомро бо хурсандии бузург ва эҳсоси гарму гуворо пазируфтанд.

Ширкати Tcell ба рухдоди фавқ- равуои бештари шаҳрвандон, теъдоди зиёди сайёҳон ва гардишгарони ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роуминги дастрас дар Ӯзбекистонро роҳандозӣ карда, арзиши Интернетро дар шабакаи роуминг 16 маротиба коҳиш дод. Иқдоми тарғиботии ин лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳо ва пешниҳоди матлабу маводҳои ҷолибу кӯтоҳ оғоз гардид.

Яке аз тарҳҳое, ки барои муаррифии бештар ва ташвиқу тарғиби роуминги дастрас ба кор оғоз намуд, ин “Салом, ҳамсояҳо!” («Салом, соседи!») дар ҳамҷоягӣ бо ширкати “Asia Plus Media Group” буд. Лоиҳа дар бораи анъанаҳои миллӣ, фарҳангу санъат, дастовардҳо, ҳаёти одамони ҳар ду кишвар нақл карда, наворҳои ҷолибро дар мавриди пайвандҳои таърихии мардуми ҳамсоякишварҳо омода месозад. 

«Тарҳи роуминги дастрас оддӣ ва хеле содда буда, ҳадафи он нишон додани ин ки роуминг барои истифода қулай аст, аз он мешавад аснои иртибот, гуфтугӯ ва табодули навору аксҳои ҷолиб дар ҳангоми сафар дар Ӯзбекистон бо нархзи арзон истифода кард. Охир, тайи ин қадар солҳои ҷудоӣ ва дурии сунъӣ одамон ташнаи дидори якдигар шуданд. Вақте мо аз “Азии Плюс” пешниҳоди ҳамкорӣ дар татбиқи идеяи мазкурро дарёфт кардем, ба чунин хулоса расидем, ки айнан ва воқеан ин ҳамон лоиҳа ҳаст, ки мо онро мехоҳем. Мо онро ҷонибдорӣ карда, таркиби матоолибро бойтару ғанитар сохтем, барои комил шудани маҳсулоти пешниҳодӣ кӯмак расонидем. Ман итминони комил дорам, ки ин тарҳи ҳассосу хушбинона қалби ҳазорон нафарро тасхир кард, ба дилҳои ҳазорон нафар роҳ ёфт. Ин дар айни замон ҳамон ҳадафи аслӣ аст, тарғиби тамға (бренд), ки мо бояд амалӣ намоем”,- мегӯяд директори Департаменти бозорёбӣ ва равобит (маркетинг ва комуникатсия)-и ширкати Tcell Кети Пиртсхалава.    

Тарҳи муштараки Радиои “Азия Плюс” ва Тсеll «Ҳамроҳ мехонем» дар бахши «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ» бошад, сазовори ҷоизаи Нуқраи озмун гардид. Моҳи июни соли 2018 Азия Плюс ва Tcell аз 4 хонаи бачагони шаҳри Душанбе, ки беш аз 350 кӯдак дар онҳо тарбия мегиранд, дидан карданд. Ба назди ин тифлакони масъум, ки аз навозиши волидайн маҳруманд, шахсони маъруф, ҳунармандон ва чеҳраҳои шинохта рафта, ҳамроҳ бо онҳо китоб хонданд, шеъру таронахонӣ карданд ва нақлҳои ҷолиберо пешниҳод сохтанд.

Лоиҳа ба кӯдакон нишон дод, ки онҳо дар ҷомеъа танҳо нестанд, онҳо низ шахсони даркорӣ дар ин кишваранд. Мақсади аслии ин иқдом на фақат ироаи тӯҳфаву ҳадяҳо дар иду маросимҳо, балки фарогирии кӯдакон бо меҳру муҳаббати инсонӣ буд.    

Тафсилоти бештарро дар бораи ҷоизаи EACA тавассути нишонии: https://www.eaca.pro/  ва саҳифаи расмии он дар шабакаи иҷтимоии Facebook: https://www.facebook.com/EventAwardsCA/      дарёфт карда метавонед.

Соли гузашта низ ширкати Tcell дар озмунҳои EACA чанд ҷоизаро ба худ ихтисос дода буд. Якбора се тарҳи Тселл: лоиҳаи «Digital Camp Tcell» дар бахши «Беҳтарин чорабинии омӯзишӣ», тарҳҳои «Табрикоти 8-март» ва  «Эҳсосоти брендӣ барои Viber» дар самти «Беҳтарин рӯйдоди онлайнӣ» мукофоти баландтаринро соҳиб гаштанд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

EACA.jpg



1570

Tcell тавсеа ва тақвияти шабакаро дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад.


Ширкати Tcell ҳамчунон ба беҳбуд ва навсозии шабака идома медиҳад. Навовариҳои ахир ба ноҳияҳои тобеъи марказ рост омаданд: дар Рашт, Тоҷикобод ва ноҳияи Лахш 9 пойгоҳи ҷадиди стандарти 3G насб гардид!


Бо шарофати пойгоҳҳои нави мавҷрасон дар 37 деҳаи ин навоҳӣ наздик ба 38.000 нафар дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернетро пайдо карданд. Ба воситаи интернети баландсуръати мобилӣ, сокинони ин манотиқ ба манбаъ ва сарчашмаҳои бузурги иттилотӣ даст ёфта, ҳамеша бо хонаводаву наздиконашон дар тамос боқӣ мемонанд,   аз ҷумла тавассути барномаи «Чӣ Гап» аз Tcell.

«Tcell лоиҳаи бозсозӣ ва таҷдиди шабакаашро дар манотиқи кишвар идома мебахшад. Мо талош мекунем, ки ҳама сокинони Тоҷикистонро, ҳатто дар дурдасттарин нуқтаи аҳолинишину камнуфус ҳам бо иртиботи боэътимод таъмин намоем. Пойгоҳҳои нави стандарти 3G дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ҳудуди бисёр аз рустоҳои водиро бо иртибот таъмин менамоянд. Таври мисол, дар яке аз майдатрин рустоҳои минтақа ҳамагӣ 134 нафар зиндагӣ мекунанд. Пас аз таҷдиду бозсозии шабака онҳо аз дастрасӣ ба иттилоъ камбуд нахоҳанд дошт: ҳамеша бо иртиботи Tcell бо тамоми олам дар тамос хоҳанд буд», - иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell тавсеа ва тақвияти техникии шабакаро боз ҳам идома мебахашад.    Навгонӣ ва навовариҳо дар куллияи манотиқи Тоҷикистон: дар пойтахт, НТҶ (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), Суғд, ВМКБ ва Хатлон сурат мегиранд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки қаламрави бештари кишвар бо шабакаи ҷадиди стандарти 3G ва 4G пайваст гардида, алоқа беҳтар шавад.  

Дар чаҳорчӯби тавсеа ва рушди техникии стандарти насли чаҳорум– 4G фақат дар тӯли чанд моҳи ахир шабакаи ширкат дар ҳудуди шаҳрҳои Кӯлоб, Роғун, Данғара ва Хоруғ васеъ гардид. Шабакаи 4G аллакай ба сокинони ин шаҳрҳо имконият дод, ки ба интернети баландсуръати 20 Мбит/с  дар шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо намуда, аз навгониҳои илму техника, фарҳанг, маориф ва иқтисод бохабар шаванд.   

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

modern_tj.jpeg
1594

Tcell Бобои барфии ҳақиқиро муаррифӣ мекунад – он бунафшранг аст!


Ширкати Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: ҳамин ҳоло ҳақиқат дар бораи Бобои барфии ҳақиқӣ маълум шуд- вай бунафшранг аст! Ва танҳо ӯ  тӯҳфаҳои ҳақиқиро инъом мекунад.


Дар саросари олам дар арафаи Соли нав ба назди одамони меҳрубону хушбахт Бобои барфӣ меояд. Тибқи анъана, Санта Клаус бо костюми сурх ва риши сафеди дароз ва ё Бобои барфии русӣ бо либосҳои обӣ (кабуд) ҳамроҳи наберааш Барфак (Снегурочка) вориди хонаву кошонаи шумо мешаванд. Дар Ӯзбекистони ҳамсоя Бобои барфи ҷомаи рах-рах мепӯшаду тоқии сурх дорад. Дар Қирғизистон бошад, либоси Бобои барфӣ сафеди нақшдор аст, аммо дар Гурҷистон ӯ ранги сафед ва сиёҳро авлотар медонад.    

Имсол Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст! Ва фақат ӯ ҳадяи беҳтарину ҳақиқиро пешниҳод мекунад- гуфтугӯи бемаҳдуд дар тамоми соли 2019!

Бобои барфии бунафшранг меҳмони сокинони Душанбе, Хуҷанд, Бохтар (собиқ Қӯргонтеппа), Кӯлоб, Турсунзода ва Хоруғ гардида, ба ҳамагон тӯҳфаҳои арзишманду ҳақиқиро пешниҳод менамояд! Бобои барфӣ дар фурӯшгоҳҳои бузург, раставу бозор, хиёбон ва ҷойҳои серодам пайдо шуда, бо сокинон сайру гашт хоҳад кард.

Ҳангоми вохӯрӣ бо Бобои бунафшранг зарур аст рамзеро ном баред, ки дар ҳама саҳифаҳои Тселл дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиои “Love Radio” эълон хоҳад шуд. Барои ироаи рамз (посух)-и дуруст, Бобои барфӣ тӯҳфа- “Солонаи бемаҳдуд”-ро ба сокинон тақдим менамояд

«Солонаи белимит 2019» аз Tcell – ин суҳбати бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет давоми соли 2019 аст.

Шонс (имконият)-и пайваст шудан ва ё тӯҳфа кардани хизматрасонии “Солонаи белимит 2019”-ро аз даст надиҳед! Аз эълону навгониҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, VK, OK, Viber ва Telegram, инчунин радиои “Love Radio”-ро пайгирӣ намоед, рамзро дар ёд дошта бошед ва ҳангоми рӯбарӯ шудан бо Бобои барфии Бунафшранг онро гуфта, соҳиби ҳадяи арзишманд- иртиботи бемаҳдуд аз Tcell шавед!

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/
Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/
VK: https://vk.com/tcell
OK: https://ok.ru/tcell.tj

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Violet_Santa_tj.jpg

1806

Дар мавриди "Ҷумъаи сиёҳ", ки имкон дорад дар он беҳтарин молҳоро бо тахфифҳои ҳайратовар харид намуд, оё шунидаед?


"Ҷумъаи сиёҳ"




Шуморо хушҳол кардан мехоҳем: Tcell бо иқдоми "Ҷумъаи сиёҳ" ҳамроҳ мешавад!
Танҳо аз 23 то 25 ноябри соли 2018 бастаи Интернети 1000 мегабайт ва 5000 мегабайтро бо тахфифи 50% харидорӣ кардан мумкин аст!

Фармон барои пайвастшавӣ ба 1000 МБ *870*1000#, барои пайвастшавӣ ба 5000 МБ *870*5000#
1661

Эълон

Аз соати 17:00 рӯзи 20.11.2018 то 21.11.2018 баъзе аз муштариёни Тcell бо сабабҳои новобаста аз Ширкат, мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳои дохилиро доштанд. Мутахассисони ширкат барои дар зудтарин фурсат бартараф намудани мушкилӣ саъю кӯшиш намуданд. Ширкати Tcell аз шумо барои нороҳати маъзарат мепурсад. Ташаккур барои дарки шумо!
Барои тамоми муштариёне, ки дар ин муддат мушкилии дастрасӣ ба хизматрасониҳои шабака ва интернетро доштанд, аз тарафи ширкат ҳамчун ҷуброн бастаи 300 мегабайт интернет ва 50 дақиқаҳои иловагӣ дар дохили ЧТ пешниход карда мешавад.

1924

Эълон

Дар ҳоли ҳозир баъзе аз муштариёни Тcell бо сабабҳои новобаста аз Ширкат, мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳои дохилиро доранд. Мутахассисони ширкат кӯшиш доранд, дар зудтарин фурсат мушкилро ҳал намоянд. Ширкати Tcell аз шумо барои ин мушкилот маъзарат мепурсад.   
Ташаккур барои дарки шумо!
1669

Муштариёни Tcell тавозуни худро метавонанд тавассути «Корти миллӣ» пурра намоянд!


«Корти миллӣ»



Ширкати Tcell ва Спитамен Бонк дар мавриди хизматрасонии ҷадид, ки тавассути он имкони пурра кардани ҳисоби телефонҳои мобилӣ аз тариқи кортҳои бонкии “Корти миллӣ” имконпазир мешавад, эълон намуданд! Ин кортҳо дар ҳама бонкҳои кишвар дастрас мебошанд.

Муштариёни Tcell имкон доранд тавозуни телефонҳои ҳамроҳи худро бе пардохти иловапулӣ (комиссия) ва дар реҷаи шабонарӯзӣ пур намоянд, барои ин фақат бо худ доштани корти бонкии “Корти миллӣ” аз бонки дилхоҳ зарур аст

Ин амалро мешавад хеле содда анҷом дод: ба бахши «Хизматрасониҳо» -и сомонаи Tcell ворид гардида, шарти «Пурра кардани тавозун тавассути кортҳои “Корти миллӣ”-ро интихоб намоед.  

Дар ин қисмат чунин шартҳоро иҷро кардан зарур аст: рақами кортро нишон медиҳед, ному насаби соҳиби кортро менависед, муҳлати анҷоми эътибори корт CVV2 (CVC2)-ро хонапурӣ мекунед. Баъдан, муштарӣ бояд пардохтро тавассути рамзи SMS-паёмак тасдиқ намояд. Маблағ аз ҳисоби корт ба рақами нишондода гузаронида мешавад. Тавозунро тариқи дилхоҳ рақами Тселл пурра кардан мумкин аст. 

«Мо кӯшиш мекунем, ки барои муштариён беҳтарин ва мақбултарин шароитҳои хизматрасониро роҳандозӣ намоем. Тавозуни телефон метавонад дар вақти барои шумо ноқулай ба охир расад: нисфи шаб, дар роҳ ва ё аснои суҳбати зарурӣ, ки гуфтугӯи мустақим дар ин лаҳза хеле зарур аст. Бо хидматрасонии пурра кардани тавозун тавассути кортҳои “Корти миллӣ” муштариёни мо ба ҷустуҷӯи банкомат намепардозанд. Тариқи ин намуд хизматрасонӣ тавозуни худро метавонед пурра намоед, ба ҳисоби рақами дӯстону пайвандон маблағ гузаронед», - қайд карданд дар ширкат.

Пурра кардани тавозун тавассути кортҳои «Корти миллӣ» бе иловапулӣ, дар пайванди зер дастрас аст: https://pay.spitamen.com/tcell/

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

smi_post2.png

1682


Страницы: Пред. 1 ... 34 35 36 37 38 ... 63 След.