Интернет
Маълумот
Саволҳо оиди интернет

Саволҳо оиди интернет

Саволҳо Чавобҳо
Чӣ тавр ман созишҳои автоматикиро дархост намоям?
Барои гирифтани созишҳои автоматикӣ Шумо метавонед SMS-и холиро ба рақами 0510 ва ё USSD-фармони *0510# равон созед. Дар ҷавоб ба Шумо конфигуратсияҳои интернет ва MMS ирсол карда мешаванд, ки онҳоро Шумо метавонед ё созиш диҳед ва ё дар телефони мобилиатон нигоҳ доред.
Созишҳои автоматикиро ҷой кардам, вале Интернет пайдо нашуд.
Санҷед, ки «Интиқоли маълумот» фаъол аст ё не? Агар фаъол набошад, онро бояд ба кор дароред.
Кадом PIN-кодро бояд ҳангоми мондани созишҳои автоматикӣ Интернет ба кор бурд?
Ҳангоми мондани созишҳои автоматикии Интернети ширкати мо код лозим нест.
Ба суръати Интернети мобилӣ чӣ таъсир мерасонад?
Ба суръати Интернети мобилӣ модели телефони Шумо, имконияти гузарониши он, миқдори муштариёне, ки аз як база хизмат мегиранд таъсир мерасонад.
MMS равон кардан наметавонам.
Барои гирифтан ва ирсол намудани MMS Шумо бояд дар телефони мобилии худ Интернет ва MMS-ро созиш диҳед. Барои ин USSD-фармони *0510# тугмачаи занг-ро равон намоед ва созишҳои автоматикии Интернет ва MMS-ро мегиред. Ба воситаи ин созишҳо Шумо метавонед мустақилона Интернет ва MMS-ро ба телефони худ сабт намоед. Ҳаҷми MMS-и содиротӣ ва ё воридотӣ набояд аз 300Кб зиёд бошад.
Ҳангоми сабт кардани созишҳои автоматикӣ, менависад: «разрешено только 70 наборов, набор отклонен». Барои чӣ? Дар телефони Шумо фақат 70 конфигуратсияро созиш додан мумкин аст. Барои сабт кардани конфигуратсияҳои нав, ба қисмати созишҳои телефони худ ворид шавед, дар он "конфигурация"-"стандартные параметры конфигурации"-ро интихоб намуда, конфигуратсия бударо бекор намоед. Агар дар он ҷо конфигуратсия набошад, пас телефонатонро ба мутахассисон нишон диҳед, мумкин ки барномаи телефони Шумо вайрон шудааст.
Ман телефонро иваз намудам ва акнун Интеренти ман кор намекунад, чӣ кор кунам?
Шумо бояд дар телефони нави мобилии худ Интернет-ро созиш диҳед. Барои ин USSD фармони *0510# тугмачаи занг-ро равон намоед ва созишҳои автоматикии Интернет ва MMS-ро мегиред. Ба воситаи ин созишҳо Шумо метавонед мустақилона Интернет-ро дар телефони нави худ соз намоед. 
Дар Хуҷанд Интернети ман кор мекард, лекин ҳозир ман дар Душанбе ҳастам ва аз Интернет истифода бурда наметавонам, созишҳоро расида набудам. Сабаб дар чист?
Азбаски мо роуминги дохили ҷумҳурӣ дорем, Шумо бояд дар боби «Мобильные сети» қисмати «передача данных в роуминге»-ро интихоб намоед. Баъди ин Шумо метавонед аз Интернет истифода баред.
Барои чӣ операторон наметавонанд мустақилона Интернетро ба мисли ширкатҳои дигар созиш диҳанд?
Мо хадамоти ахбороту маълумот диҳандаем. Барои созиши дастии Интернета ва MMS Шӯъбаи махсус дорем. Баъди гирифтани дархост онҳо ба муштариён занг мезананд ва барои дастӣ созиш додани Интернет ва MMS ёрӣ мерасонанд.
Ба ман APN-и ширкати Tcell лозим аст.
APN-и ширкати мо Tcell аст.
APN чист?
Нуқтаи дастрасӣ барои баромад ба Интеренет.
Чӣ тавр азнавсозии автоматикиро дар смартфон бекор намоям?
Барои бекор намудани азнавсозиҳо дар Android, Шумо бояд ба Play Market ворид шавед ва дар созишҳо дар «Автообновление приложений» ибораи «никогда» ва ё «Только через Wi-Fi» интихоб намоед.

Барои бекор намудани азнавсозиҳои автоматикӣ дар iOS бояд чунин кунед: Настройки - iTunes Store, App Store - дар боби "Автоматические загрузки" аломати қайдро аз "Обновление" гиред.
Ҳозир Интернети ман кор мекунад, агар ман SIM-корти худро ба дастгоҳи дигар монам, Интернети ман кор мекунад ё не?
Не, интернет дар телефон созиш дода мешавад, на дар SIM-корт. Агар SIM-кортро ба дигар дастгоҳ гузоред, Шумо бояд дар он ҳам Интернетро созиш диҳед.
Ман телефони дусимкортӣ дорам. Чӣ тавр аз Интернет ба воситаи SIM-корти дигар истифода барам?
Барои ин ба созишҳо даромада – «диспетчер SIM-карт»-ро интихоб намоед ва дар сатри «Сеть передачи данных» SIM-корте, ки аз он истифода бурданиед, қайд намоед.
Барои чӣ ҳангоми нигоҳ кардани суратҳо сарфи МБ зиёд аст?
Ҳаҷми суратҳо аз аломатҳои хатнавис зиёдтар аст. Барои ҳамин сарфи трафик зиёдтар аст.
APN-и тарофаи «Соати Хуш»-ро ба ман бигӯед.
APN дар тарофаи «Соати Хуш» - time.
Чӣ тавр дар телефон режими шабакаи 2G-ро ба 3G гузаронам?
Барои ин ба созишҳо ворид шавед – дар "режим сети" 3G, UMTS ва ё WSDMA-ро итихоб намоед.
Агар ман интиқоли маълумотҳоро ҳангоми дар роуминг дар Душанбе буданам ба кор дарорам, нархи трафик ва зангҳо зиёд мешавад? Чунки дар роуминг ҳамааш қиммат!
Не, ба нархи трафик ва зангҳои Шумо ин таъсир намерасонад, чунки Шумо аз шабакаи ширкати мо истифода мебаред.
Суръати 4G Modem/Router-и худро чӣ тавр санҷам?
Барои санҷидани суръати интернет Шумо метавонед аз сомонаи http://www.speedtest.net/ru/ истифода баред.
Шабакаи интиқоли маълумотҳои ман 4G (LTE) аст, ҳангоме ки ман ба Интернет дохил мешавам, ба ман занг задан омумкин аст, система ҷавоб медиҳад, ки "муштарӣ хомӯш шудааст" ва ё "берун аз шабака аст". Чаро?
Дар шабакаи 4G хизматрасонии телефония пешбинӣ нашудааст, барои ҳамин ба Шумо занг задан намешавад. Шумо метавонед хизматрасонии «Доимо дар алоқа»-ро васл намоед ва оиди зангҳои воридотӣ SMS-хабар гиред.

printer.png

Чопи саҳифа

Навидҳои Tcell

Доимо хабардор бошед
Ахбороти Tcell ва пресс-релизҳо
дар ин ҷо

Ирсоли СМС

Ирсоли ройгони хабарҳои кӯтоҳ ба телефонҳои мобилии GSM

Ҳисобкунаки Интернет

Восита барои интихоби интернети муфид

Онлайн-мушовир

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо ба онлайн-хадамоти дастгири мурочиат намоед