Хизматрасониҳо
Алоқаи доимӣ

Рақами нави ман

Хизматрасонии "Рақами нави ман" – икон медиҳад, ки ҳангоми иваз кардани рақами телефон дар алоқа биқӣ монда, аз зангҳои ба рақами пешина меомада, огаҳ бимонед.

Хизматрасонӣ ройгон; ҳангоми иваз намудани рақами пешина аз операторони мобилии дохилӣ ба рақами нав аз ширкати Tcell кор мекунад.

Дастурамал барои истифодабарӣ:
1. SIM-корти навро ба дохили телефон гузошта, USSD-фармони: *456* рақами пешина # (занг) -ро чиндан зарур аст, ин ҷо зери мафҳуми «рақами пешина» - рақами пешинаи муштарӣ дар фомати «рамзи шабака» ва «рақами телефони муштарӣ» дар назар дошта шудааст. (масалан, 93 ХХХ ХХ ХХ)
Ба рақами пешинаи муштарӣ SMS-паём ирсол карда мешавад. Дар он дастурамал қадамҳои зарурии минбаъда ва инчунин PIN-код, рамзи тасдиқкунанда барои рақами нав оварда мешавад.
Барои фаъолгардонии хизматрасонии «Рақами нави ман» дар рақамҳои шабакаҳои 93, 92, 77, 50 ХХХ ХХХХ USSD-фармони: **21*934566666# (занг) -ро аз рақами мазкур чинда, инчунин, рамзи панҷрақамаи тасдиқкунандаро низ ворид кардан зарур аст. Ҳамчунин, барои фаъолгардонии хизматрасонӣ, SIM-корти навро гузошта аз он USSD-фармони: *456* PIN-код # (занг) -ро аз рақами Tcell чиндан зарур аст.

2. Баъдан, SIM-корти пешинаро, ки бояд дар давоми муддати аз ҷониби худи муштарӣ дилхох фаъол бошад, ба дохили телефон гузошта, USSD-фармони: **21*934566666# (занг) -ро барои пайваст кардани интиқоли ҳамаи зангҳо (переадресасия) аз рақами пешина ба рақами хизматрасонии 934566666 чиндан зарур аст.  

3. SIM-корти навро ба дохили телефон гузошта, USSD-фармони: *456* PIN-код # (занг), ки ин ҷо «PIN-код» - рамзи панҷрақамаи барои муштарӣ ба рақами пешинааш тариқи SMS-паём ирсол гардида мебошад, чиндан зарур аст. 

Пас аз бомуваффақият ирсол гардидани PIN-коди махфӣ муштарӣ метавонад рақами навро истифода бубарад. Дар сурати пайваст кардани хизматрасонии «Рақами нави ман» ба таври автоматӣ муштарӣ оиди зангҳои ба рақами пешинааш воридшудаистода тариқи SMS-хабар огаҳ карда мешавад, ва ба ҳамаи муштариёни ба рақами пешинаи муштарӣ зангзадаистода SMS-хабар бо рақамҳои нави муштарӣ ирсол карда мешавад.



printer.png

Чопи саҳифа

Навидҳои Tcell

Доимо хабардор бошед
Ахбороти Tcell ва пресс-релизҳо
дар ин ҷо

Тамос бо мо

Барои тамос бо мутахассисони ширкат тариқи воситаҳои бароятон қулай муроҷиат намоед

Ҳисобкунаки Интернет

Восита барои интихоби интернети муфид

Онлайн-мушовир

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо ба онлайн-хадамоти дастгири мурочиат намоед