Хизматрасониҳо
Пур кардани ҳисоб

Пур кардани ҳисоб ба воситаи банкоматҳои Казкоммертсбонк ва портали молии www.homebank.tj

Хизматрасонии «Пуркунии ҳисоби «Tcell»» тариқи Банкоматҳои Казкоммерсбонк ва портали молиявии www.homebank.tj барои онҳое, ки аз кортҳои ҶСП "Казкоммерсбонк Тоҷикистон" истифода мебаранд, дастрас шуд.

Муштариёни ширкати «Tcell» бе комиссия метавонанд хизматрасониҳои алоқаи мобилиро ба воситаи корти пластикии ҶСП «Казкоммерсбонк Тоҷикистон» тариқи системаи www.homebank.tj ва банкоматҳои бонк пардохт намоянд.

Барои пуркунии ҳисоби телефони мобилии «Tcell» ба воситаи банкоматҳо:

1. Корти пластикии «Казкоммерсбонк Тоҷикистон»-ро ба банкомат андозед, баъд аз гирифтани пинкоди корт, ба боби пардохтҳо гузашта, «Tcell»-ро интихоб намоед;
2. Рақами телефони мобилие, ки ҳисобашро пур кардан лозим аст, ҳарфчинӣ кунед;
3. Маблағи пуркуниро нависед;
4. Пардохтро тасдиқ карда, чек ва кортатонро гиред;
5. Нишонаҳо ва ҷойгиршавии банкоматҳои «Казкоммерсбонк Тоҷикистон»-ро бо ин истинод http://www.kkb.tj/ru/page/Bankomats ёфтан мумкин аст.
Барои пуркунии ҳисоби телефони мобилии «Tcell» тариқи Интернет, ду қадамро иҷро намудан лозим аст:

Қадами A (Фаъолкунии хизматрасонӣ 1 бор иҷро мешавад ва баъдан фақат қадами В лозим меояд).

Хизматрасонии пуркунии ҳисоби алоқаи мобилиро дар портали молиявии www.homebank.tj тариқи опсияи мустақилона қайдкунии хизматрасонӣ ё 
Тариқи занг ба хадамоти хизматрасонии "Казкоммерсбонк" ба хизматрасонии пуркунии ҳисоби «Tcell» обуна шудан фаъол намудан мумкин аст:

1. Ба хадамоти хизматрасонии "Казкоммерсбонк" тариқи рақамҳои: (44) 601-40-48 ё (44) 620-40-40 занг занед;
2. Баъд аз ҷавоби автомаълумотдеҳ рақами идентификасионӣ (ID) ва 4 адади аввали рамзи худ, ки ҳангомӣ қайдкунӣ дар сомонаи www.Homebank.tj дода шуда буданд, гирифтан зарур аст ва ё ҷавоби мутахассисро интизор шавед;
3. Баъди ҷавоби мутахассис ба ӯ IDрақам, калимаи махфӣ, 4 адади охири корт ва рақами/рақамҳои «Tcell»-ро, ки ба онҳо маблағ гузаронида мешавад, гуфта, тасдиқи фаъолкунии хизматрасониро интизор шудан лозим аст.

Қадами B (пуркунии ҳисоби телефон).

Барои пур намудани ҳисоби рақами телефони алоқаи мобилии «Tcell», чунин кардан лозим аст:

1. Ба пртали молиявии Homebank (www.homebank.tj) даромада, ID рақам ва рамзи худро ворид намудан лозим аст;
2. Ба банди «Хизматрасонӣ» даромада, Пардохти хизматрасониҳои «Tcell»-ро (агар хизматрасонӣ намудор набошад, онро фаъол намудан лозим аст, ба банди А нигаред) интихоб кардан лозим аст;
3. Рақаме, ки ба он пул гузаронидан мехоҳед, интихоб намоед, маблағи пардохтро нависед ва тугмачаи «Баъд» пахш намоед;
4. Тафтиш намоед, ки ҳамаи маълумоти ароварда шуда дуруст аст ва тугмачаи «Пардохтро» пахш намоед;
5. Аз ҳисоби корти Шумо маблағи интиқол ситонида мешавад ва баъди якчанд дақиқа ба телефони Шумо sms-огоҳӣ оиди пур шудани маблаги тавозуни раками телефонатон меояд;

Таърихи пардохтҳоро дар банди «Хизматрасониҳо» => «Архиви пардохтҳо» =>рақами пардохт бо муфассалот (Рӯз, Гиранда, Рамзи транзаксия, Рақами муштарӣ ва ғ.) дидан мумкин аст.

Эзоҳ:

1. Маблағи минималии пардохт – 5 сомонӣ;
2. Комиссия аз Муштарӣ гирифта намешавад;
3. Оиди маълумоти бештар дар бораи пайвастшавӣ ба портали молиявии www.homebank.tj бо телефони (44) 601-40-48 маслиҳат пурсидан мумкин аст.


printer.png

Чопи саҳифа

Навидҳои Tcell

Доимо хабардор бошед
Ахбороти Tcell ва пресс-релизҳо
дар ин ҷо

Ирсоли СМС

Ирсоли ройгони хабарҳои кӯтоҳ ба телефонҳои мобилии GSM

Ҳисобкунаки Интернет

Восита барои интихоби интернети муфид

Онлайн-мушовир

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо ба онлайн-хадамоти дастгири мурочиат намоед