Хизматрасониҳо
Алоқаи доимӣ

Доимо дар алоқа

Хизматрасонии «Доимо дар алоқа» - ройгон барои муштариёни Tcell!

Бо хизматрасонии «Доимо дар алоқа» Шумо ягон зангатонро гум намекунед. Агар телефони Шумо хомӯш бошад ва ё дар мавзеи амалиёти шабака вуҷуд надошта бошед, ҳар касе, ки ба Шумо занг занад, хабари овозӣ мондан метавонад. Оиди гирифтани хабари овозӣ Шумо тариқи SMS-хабар бо рақами ба Шумо зангзада, рӯз ва соаташ хабардор мекунад. Инчунин, агар шахси ба шумо зангзада хабари овозӣ намонад, шумо ба ҳар ҳол SMS оиди зангҳои қабул нашуда мегиред.

Истифодабарӣ

Хизматрасониро тариқи USSD-фармон роҳбарӣ намудан мумкин аст:

Ба кор андохтан
Хомӯшкунии хизматрасонӣ
Ба кор андохтани почтаи овозӣ
Хомӯшкунии почтаи овозӣ
Ба кор андохтани SMS-огоҳии «Ки занг зад»
Хомӯшкунии SMS-огоҳӣ
Ба кор андохтани SMS-огоҳӣ оиди пайдо шудани муштарӣ дар шабака
Хомӯшкунии SMS-огоҳӣ оиди пайдо шудани муштарӣ дар шабака

Ҳангоми пайвастшавӣ ва дар шароити «Муштарӣ дастнорас аст» ё «Муштарӣ хомӯш аст» ба таври автоматикӣ ирсоли зангҳо ба рақами 595 ба кор дароварда мешавад. Ирсол хомӯш карда мешавад.

Профили хизматрасонии худро (ба кор дарорӣ/хомӯшкунӣ, ивази забон ва ҳоказо) инчунин ба воситаи занг ба рақами 595 идора намудан мумкин аст.


Нархнома

  • Донистан муҳим аст!
        1. Агар муштарӣ алоқаро наканад, метавонад баъди бонг хабари овозии худро монад ва дар ин ҳол алоқа тибқи тарофаи шахси зангзада нархбандӣ мешавад.Агар муштарӣ алоқаро то садо додани бонг қатъ гардонад, занг тарофабандӣ намешавад.
        2. Дар мавриде, ки муштарии зангзада муштарии оператори дигари мобилӣ бошад, нархбандии ӯ тибқи шартҳои тарофаи ӯ ҳисоб карда мешавад. Нархбандии алоқа бо хизматрасонӣ аз тарафи оератори мобилии муштарии зангзада ҳисоб карда мешавад.
        3. Дарозии максималии хабари овозии воридотӣ 30 сония.
        4. Қуттии Шумо то 10 хабари овозӣ қабул карда метавонад. Ҳангоми ворид шудани хабари нав, хабари кӯҳнатарин ба таври автоматикӣ хориҷ карда мешавад.
        5. Хизматрасонӣ барои ҳамаи муштариён ҳангоми «Дастнорас будан» ё «Хомӯш будан» дастрас аст.
        6. Дар ҳолате, ки муштарӣ ирсол (переадресация)-ро ба дигар самт хомӯш кунад, шартҳои хизматрасонӣ амал намекунанд.
        7. SMS-огоҳӣ оиди занги қабулнашуда аз номи муштарии зангзада меояд.
        8. Дар ҳолате, ки шумо дар роуминги байналмиллалӣ бошед, ирсол ба рақами 595 дастнорас ё хомӯш аст (+99293595 ё +99292595), яъне имконияти гӯш кардани хабарҳои овозӣ нест.
        9. SMS-огоҳӣ оиди зангҳои қабулнашуда дар мавриди «Дастнорас будан», «Дар мавзеи амалиёти шабака набудан», «Хомӯш будан» дар роуминг – кор мекунад.
        10. Ҳангоми сифр ё манфӣ будани ҳисоб, хизматрасонӣ то пур кардани ҳисоб хомӯш мешавад.
        11. Дар холати занги рақами пинҳони, агар шахсе, ки зангро қабул мекунад рад намояд, пас дар матни SMS-огоҳиномаҳо «Кӣ занг зад» ба ҷои рақам «номаълум» нишон дода мешавад.

always_online_2.jpg
  
printer.png

Чопи саҳифа